Дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷаласа таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир шуд
Дар нишаст дар бораи фаъолияти Комиссия дар давоми соли 2020 ва нақшаи чорабиниҳо барои соли 2021 ҳисобот пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад. Чунин иқдом ба манзури тарғиб, ҳифз ва ташвиқи тамаддуни ғании халқи тоҷик дар ҷаҳон ва ҷалби сайёҳон ба кишвар равона шудааст, ки бахше аз сиёсати давлат дар арсаи фарҳанг ба шумор меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалисозии лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишвар ва расонидани он ба наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ










Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






