Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон мусобиқаи варзишӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр таҷлил мешавад, пагоҳ, 2 декабр дар толори варзишии Якка-чинор бо ибтикори Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» барномаи варзишӣ ва мусобиқаи намудҳои баскетбол бо аробачаи маъюбӣ, дастхобонӣ, шоҳмоту шашка баргузор мегардад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» хабар доданд.
Дар мусобиқа намояндагони Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, ТҶ «Федератсияи варзишгарони маъюби шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ», ТҶ «Федератсияи шашкаю шоҳмоти маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок менамоянд.
Ҳадафи гузарондани мусобиқаи варзишии мазкур пешбурди тарзи ҳаёти солим ва ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба зиндагию фаъолияти шахсони маъюб мебошад. Зеро шахсони дорои имконияти маҳдуд низ узви ҷудонашавандаи ҷомеа буда, дар баробари дигар шаҳрвандони мамлакат баробарҳуқуқанд.
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 марти соли 2018 ба Конвенсияи СММ «Оид ба ҳуқуқи маъюбон» имзо гузоштанд. Чунин икдом бори дигар собит менамояд, ки шахсони маъюб дар сиёсати иҷтимоию хирадмандонаи давлату ҳукумати Тоҷикистон мавқеи хосса ишғол менамоянд.
Акс аз бойгонӣ








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






