Дар Душанбе маросими серфитикатсупорӣ ба 10 нафар шаҳрвандони маъюб доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Душанбе»-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва сардори Намояндагии «ЮНИСЕФ» дар Тоҷикистон Осама Макави маросими серфитикатсупорӣ ба 10 нафар шаҳрвандони имконияташон маҳдуд ва осебпазир доир гардид. Ин нафарон аввалин маротиба курси омӯзиширо дар самти шуғли фосилавӣ, ки аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ташкил гардида буд, хатм намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, аз ҷумла, ҳадафҳои марбут ба рушди неруи инсонӣ, роҳҳои тавонмандсозии ҷавонон тавассути таъмин бо ҷойҳои нави корӣ дар асоси омўзиши таҷрибаи намунавии ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон моҳи марти соли равон «Модели шуғли фосилавӣ барои ҷавонони осебпазир» роҳандозӣ намуд.
«Модели шуғли фосилавӣ» озмоишӣ буда, барои ҷавонон ҳамчун шакли нави ташкили шуғл имкон медиҳад, ки вазифаҳои меҳнатии худро берун аз бинои истеҳсолии корфармо ба воситаи технологияҳои компютерӣ ва иттилоотӣ дар реҷаи воқеӣ, новобаста аз вақт, ҷои истиқомат ва кор амалӣ намоянд.
Ба роҳ мондани фаъолияти синфхонаи омӯзишии «Модели шуғли фосилавӣ» барои ҷавонон-ин қадами нахустин дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба қишри осебпазири ҷомеа буда, дар таҳким ва рушди фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд ва ин раванд бахусус, дар давраи паҳншавии пандемияи COVID – 19 ба манфиати корфамоён ва аҳолии корҷӯй мебошад.
Тадқиқоти кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Беларусу Қазоқистон нишон медиҳад, ки зимни омӯзиш дар марказҳои пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» дар се сол то 8120 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ соҳиби малакаи касбӣ мегарданд. Ин омор метавонад бо тавсеаи минбаъдаи корхона дар соли дуюм ду баробар афзоиш ёбад.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва бахши хусусӣ тасмим гирифтаанд, ки ташаббуси Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ»-ро барои ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон ба таври озмоишӣ марҳила ба марҳила ҷорӣ намоянд.








Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






