Дар Хатлон барои пурзӯр намудани корҳои тавзеҳотӣ оид ба истифодаи мақсадноки неруи барқ гурӯҳҳои корӣ ташкил мекунанд

Декабрь 16, 2020 10:32

БОХТАР, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои муҳим ва мубрам мавзӯи асосии ҷаласаи корие гардид, ки 15 декабр дар Бохтар таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир шуд.

 Ба иттилои шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар ҷаласа масъалаҳои дигар, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, вусъат додани корҳои ободонӣ, таъмини амнияти ғизоӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ, суръат бахшидани маъракаи кишти тирамоҳӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа роҳбарони раёсату шуъбаҳои вилоят, воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилот, раисони шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Дар бораи ташкил намудани гурӯҳҳои корӣ бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо, мутахассисони соҳаи энергетика, Раёсати кор бо занон ва оила, шуъбаҳои дин, олимон, шоирон ва ҷавонон қарор қабул карда шуд.

Вазифаи асосии ин гурӯҳҳо пурзӯр намудани корҳои тавзеҳотӣ дар байни аҳолӣ оид ба истифодаи сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ ​​дар вилояти Хатлон мебошад.

Декабрь 16, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид