Дар Хоруғ ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — Шарифамоҳ Одинамаҳмадоваро самимона истиқбол гирифтанд
ХОРУҒ, 26.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Литсеи Оғохони шаҳри Хоруғ Шарифамоҳ Одинамаҳмадова дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар номинатсияи осори адибони ҷаҳон ғолиби ҷои сеюм ва соҳиби диплому ифтихорнома ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ гардид. Хонандагону омӯзгорони литсей Шарифамоҳро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Директори литсей Давлатназар Худоназаров зимни табрики шогирдон изҳор дошт, ки «ин озмун бо иқдоми фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва ҳадафи он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханшинос ва суханпарвар мебошад. Пирӯзии Шарифамоҳ- ин ифтихори кулли омӯзгорону хонандагони Литсеи мо ва албатта, волидонашон аст. Ман умедворам, ки пас аз ин сафи дӯстдорони китоб, илму фарҳанг дар муассисаи мо бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт».
Мулоқоти Шарифамоҳ бо ҳамсабақонаш дар китобхонаи ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки он дар байни муассисаҳои талимии мамлакат яке аз китобхонаҳои калонтарин ба шумор рафта, дар махзани дониш қариб 50 ҳазор китобҳои дарсӣ, илмию бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ ва фаронсавию арабӣ гирдоварӣ шудаанд. Шарифамоҳ вақти бештари худро дар ҳамин китобхона мегузаронад. Мавсуф дар суҳбат бо ҳамсинфонаш гуфт, ки “агар ҳар яки шумо вақти холии худро дар ҳамин китобхона сипарӣ кунед, на танҳо дар озмун, балки дар шоҳроҳи ҳаёт низ ба пирӯзӣ ноил мешавед”.
Хонандаи ҳамин муассисаи таълимӣ Муқаддаси Мухтор гуфт, ки “11 сол бо Шарифамоҳ дар як синф таҳсил мекунад ва ӯ дар баробари ҳамсинфи хуб будан ҳамчунин дугонаи содиқу вафодор низ аст. Дар ғаму шодии ҳамсинфонаш мудом шарик аст ва дар лаҳзаҳои зарурӣ бароямон кумак мерасонаду ҳам дилбардорӣ мекунад. Ҳарчанде ки дар гурӯҳи англисӣ таҳсил мекунад, аммо бо забони тоҷикӣ хеле равону озод суҳбат мекунад ва аз осори шоирону нависандагони классикию муосири тоҷик садҳо асар мутолиа кардаву соатҳо метавонад дар бораашон қисса кунад”.
Шарифамоҳ Одинамамадова гуфт, ки баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тасмим гирифтааст, ки таҳсили худро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Амрико идома диҳад.
Ёдовар мешавем, ки 5 феврали соли равон амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин озмун аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз якуним миллион сомонӣ ҷудо шуд. Ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо диплому ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.









ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






