Дар Кобул бар асари таркиш на кам аз нуҳ нафар ҷон доданд

Декабрь 21, 2020 12:59

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. На кам аз нуҳ нафар бар асари таркише, ки дирӯз, 20 декабр дар яке аз минтақаҳои пойтахти Афғонистон ​​ба амал омад, қурбон шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «Тулӯъ нюс» бо истинод ба манбаъҳояш дар хадамоти амният иттилоъ дод.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки таркиш бар зидди як узви

парламент — Ҳоҷӣ Хон Муҳаммад Вардак равона шудааст. Худи ӯ аз ҳамла наҷот ёфт. Тибқи маълумоти агентии афғонии Пажвок, ӯ маҷруҳ гардидааст.

Шабакаи «1TV News» бо истинод ба як манбаъ хабар медиҳад, ки ба ғайр аз нуҳ қурбонии таркиш шаш нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

АКС аз рӯи навори «Tolo News»

Декабрь 21, 2020 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд