Дар ноҳияи Ховалинг дар як шабонарӯз 19 ҳазор киловатт-соат неруи барқ сарфа гардидааст

Декабрь 21, 2020 16:13

КӮЛОБ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, чанд рӯз аст, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Роҳбари гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Рамазон Раҳимзода бо сафари корӣ дар ин ноҳия қарор дорад.

Дар рӯзи сеюми сафар зимни баррасии фаъолияти серӯзаи 10 гурӯҳи корӣ сардори шабакаҳои барқи ноҳия ба роҳбари гурӯҳи корӣ иттилоъ дод, ки меъёри истифодаи барқ ба ноҳияи Ховалинг дар як шабонарӯз 274 ҳазор киловатт-соатро ташкил медод. 19 декабр истифодаи неруи барқ дар ноҳия ба 255 ҳазор киловатт-соат баробар шуда, 19 ҳазор киловатт-соат неруи барқ сарфа гардидааст.

Роҳбари гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Рамазон Раҳимзода ба масъулин ва гурӯҳҳои ташкилшуда дастур дод, ки дар ин самт корро боз ҳам ҷоннок намуда, рӯзҳои баъдӣ ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла сабзкорию ниҳолшинонӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати итстифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи самараноки заминҳои хоҷагиҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хусусан коронавируси КОВИД-19 ва омодагиҳо ба истиқболи сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат гурӯҳҳои корӣ миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода истодаанд.

Аъзои гурӯҳҳо дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг давоми се рӯз бо беш аз 800 оила оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Декабрь 21, 2020 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст
Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод