ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ховалинг зиёда аз 5000 бех ниҳолҳои сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуданд

Декабрь 22, 2020 08:38

ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва кӯчаю хиёбонҳои ноҳияи Ховалинг  зиёда аз 5 ҳазор бех дарахтони сояафкани ҳамешасабз шинонида шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

20 декабр дар доираи иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррам гардонидани ҷумҳурӣ бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар ноҳияи Ховалинг маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Вазири корҳои дохилӣ тамоми кӯчаю хиёбон, беморхона ва бозору марказҳои савдои ноҳияи Ховалингро гашта, барои вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зикр гардид, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сокини ноҳия бояд барои таъмиру тармим ва обод намудани хона, кӯчаю маҳаллаи худ саъю кӯшиш намуда, ҳамзамон барои сабзкорӣ чанд ниҳол шинонад.

Декабрь 22, 2020 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд
«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
Дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони навъи магнолия шинонида шуданд
«ЯК ҶАВОН – ЯК ДАРАХТ». Дар Душанбе иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Соли 2026 дар шаҳри Панҷакент дар ҳазор гектар боғ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида мешавад
Дар канори шоҳроҳи Чанок-Душанбе беш аз 5 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд