ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Соҳилии Душанбе кормандони милитсия зиёда аз 2000 бех ниҳоли ҳамешасабз шинониданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Соҳилии пойтахт дар заминҳои шафати роҳи мошингард ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дастаҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, зиёда аз 2000 бех дарахтони гуногуни ҳамешасабз шинониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Маълум аст, ки дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз фазои экологии мамлакатро пок сохта, онро тозаву беолоиш нигоҳ медоранд.
Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ новобаста аз хизмати шабонарӯзӣ ва пурмасъулият, ҳамзамон дар сабзу хуррамгардонӣ ва ободу зебо намудани мамлакат саҳми намоён доранд. Дар ин замина, дар радифи иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи шаҳрдори Душанбе ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ВКД пайваста тадбирҳои созанда роҳандозӣ менамоянд.
Чунин корҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат дар оянда низ ба роҳ монда мешаванд.








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






