ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Соҳилии Душанбе кормандони милитсия зиёда аз 2000 бех ниҳоли ҳамешасабз шинониданд

Декабрь 16, 2020 08:33

ДУШАНБЕ, 16.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Соҳилии пойтахт дар заминҳои шафати роҳи мошингард ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дастаҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, зиёда аз 2000 бех дарахтони гуногуни ҳамешасабз  шинониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Маълум аст, ки дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз фазои экологии мамлакатро пок сохта, онро тозаву беолоиш нигоҳ медоранд.

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ новобаста аз хизмати шабонарӯзӣ ва пурмасъулият, ҳамзамон дар сабзу хуррамгардонӣ ва ободу зебо намудани мамлакат саҳми намоён доранд. Дар ин замина, дар радифи иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи шаҳрдори Душанбе ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ВКД пайваста тадбирҳои созанда роҳандозӣ менамоянд.

Чунин корҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат дар оянда низ ба роҳ монда мешаванд.

Декабрь 16, 2020 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Бохтар — Душанбе ниҳолҳои дарахтони сӯзанбарг, бодом ва писта шинонида шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд