Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт ҷараён дорад

Декабрь 11, 2020 15:36

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Даври ниҳоии озмуни мазкур  7 декабр шурӯъ гардида,  то 15 декабри соли равон  идома меёбад. Ба  ин даври озмун  267 нафар довталаб  аз вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифтааанд. 

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, бо мақсади шаффоф баргузор шудани озмун масъулони он барои волидон ва иштирокдорон дар макони баргузории ҳар як номинатсия мониторҳо гузоштаанд, ки ҷараёни он  пурра мустақиман пахш ва аз ҷониби тамошобинон назорат карда мешавад.

То ин замон  доварон аз рӯи 5 номинатсияи озмун бештар аз 160 довталабро аз вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон шуниданд.

Ба гуфтаи  масъули  озмун Фирдавс Аминов, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик” то имрӯз  43 нафарро шунидаанд, ки аз он 2 нафар аз вилояти Бадахшон, 15 нафар аз вилояти Суғд ва 26 нафар аз вилояти Хатлон будаанд. Бояд гуфт, ки  ба  номинатсияи мазкур 67 нафар довталаб роҳхат гирифтааст.

Дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик”  то ин замон аъзои ҳакамон ба маҳорату дониши 34 нафар —  2 нафар аз вилояти Бадахшон, 13 нафар аз вилояти Суғд ва 19 нафар аз вилояти Хатлон баҳо додаанд.  Дар номинатсияи мазкур 62 нафар роҳхат гирифтааст.

Дар номинатсияи “Хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик” то нимаи аввали имрӯз ҳайати ҳакамон 39 нафар — 3 нафар аз вилояти Бадахшон, 17 нафар аз вилояти Суғд ва 19 нафар аз вилояти Хатлонро шунидаанд. Ба  ин номинатсия  54 нафар роҳхат гирифтааст.

Дар номинатсияи “Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” доварон 35 нафарро аз тамоми ҷумҳурӣ шунидаанд, ки шумораи умумии иштирокдорони  ин номинатсия 61 нафар мебошанд.

Дар номинатсияи «Шоирӣ»  то ин дам 12 нафар довталабӣ намудааст, ки  шумораи умумии онҳо  23 нафарро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт дар озмун довталабон аз рӯи номинатсияҳои интихоб кардаашон рӯйхати асарҳои хондаашонро ба ҳакамон пешниҳод мекунанд.   7 нафар аъзои ҳакамон аз ҳамон рӯйхати пешниҳодшуда  бо довталабон суолу ҷавоб мекунанд.        Тавре аъзои ҳакамон иброз медоранд, омодагӣ нисбат ба  соли пешин  хеле хуб мушоҳида мегардад,  вале ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар пешниҳоди рӯйхати асарҳо ба назар мерасад, ки аз надонистани Низомномаи озмун дарак медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст» бо Амри Президенти мамлакат   соли дуюм аст, ки  ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   доир мешавад.

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 11, 2020 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»