Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Даври ниҳоии озмуни мазкур 7 декабр шурӯъ гардида, то 15 декабри соли равон идома меёбад. Ба ин даври озмун 267 нафар довталаб аз вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифтааанд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, бо мақсади шаффоф баргузор шудани озмун масъулони он барои волидон ва иштирокдорон дар макони баргузории ҳар як номинатсия мониторҳо гузоштаанд, ки ҷараёни он пурра мустақиман пахш ва аз ҷониби тамошобинон назорат карда мешавад.
То ин замон доварон аз рӯи 5 номинатсияи озмун бештар аз 160 довталабро аз вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон шуниданд.
Ба гуфтаи масъули озмун Фирдавс Аминов, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик” то имрӯз 43 нафарро шунидаанд, ки аз он 2 нафар аз вилояти Бадахшон, 15 нафар аз вилояти Суғд ва 26 нафар аз вилояти Хатлон будаанд. Бояд гуфт, ки ба номинатсияи мазкур 67 нафар довталаб роҳхат гирифтааст.
Дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик” то ин замон аъзои ҳакамон ба маҳорату дониши 34 нафар — 2 нафар аз вилояти Бадахшон, 13 нафар аз вилояти Суғд ва 19 нафар аз вилояти Хатлон баҳо додаанд. Дар номинатсияи мазкур 62 нафар роҳхат гирифтааст.
Дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик” то нимаи аввали имрӯз ҳайати ҳакамон 39 нафар — 3 нафар аз вилояти Бадахшон, 17 нафар аз вилояти Суғд ва 19 нафар аз вилояти Хатлонро шунидаанд. Ба ин номинатсия 54 нафар роҳхат гирифтааст.
Дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” доварон 35 нафарро аз тамоми ҷумҳурӣ шунидаанд, ки шумораи умумии иштирокдорони ин номинатсия 61 нафар мебошанд.
Дар номинатсияи «Шоирӣ» то ин дам 12 нафар довталабӣ намудааст, ки шумораи умумии онҳо 23 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт дар озмун довталабон аз рӯи номинатсияҳои интихоб кардаашон рӯйхати асарҳои хондаашонро ба ҳакамон пешниҳод мекунанд. 7 нафар аъзои ҳакамон аз ҳамон рӯйхати пешниҳодшуда бо довталабон суолу ҷавоб мекунанд. Тавре аъзои ҳакамон иброз медоранд, омодагӣ нисбат ба соли пешин хеле хуб мушоҳида мегардад, вале ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар пешниҳоди рӯйхати асарҳо ба назар мерасад, ки аз надонистани Низомномаи озмун дарак медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Амри Президенти мамлакат соли дуюм аст, ки ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»








Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






