Духтур пайомади аз ҳама оммавии коронавирусро номбар кард
ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аксари пайомадҳои сирояти коронавирус, пас аз сар гузаронидани он, ба тағирёбии фишори хун вобаста мебошанд. Дар ин бора духтури рус, иммунолог-аллерголог Владимир Болибок ба «Лента.ру» изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Чизи аз ҳама оммавӣ аз нуқтаи назари ман — чизе, ки ман дар ҳама беморон мебинам — ин тамоюли баландшавии фишори хун бо сабаби коҳиш ёфтани қобилияти ёзандагии деворҳои рагҳо дар тамоми бадан аст», — иброз доштааст духтур.
Иллатдор шудани системаи рагҳои инсон бар асари беморӣ Болибокро ба ин хулоса овардааст.
«Васкулит — ин илтиҳоби пардаи дарунии рагҳои хунгузар аст», — шарҳ додааст духтур. — Пайомади ин васкулитҳо аз он иборат аст, ки дар атрофи рагҳои хурд ҳуҷайраҳои илтиҳобёфта боқӣ мемонанд. Яъне, илтиҳоб ба охир расидааст, аммо ҳуҷайраҳо дар атрофи рагҳо ҳамоно боқӣ мемонанд. Ва бо мурури замон, ин ҳуҷайраҳо боиси нумӯи коллаген мешаванд — яъне қобилияти ёзандагии рагҳо нисбат ба давраи то беморӣ камтар мешавад».
Ин пайомад дарозмуддат ё кӯтоҳмуддат хоҳад буд, гуфтан душвор аст, изҳор намудааст духтур. Вай инчунин зикр кардааст, ки ҳанӯз пешгӯии ба кадом узви бемор часпидани коронавирус ғайриимкон аст.
«Ба тамоми бадан метавонад осеб бирасад. Ва бо ин чӣ бояд кард — ҳанӯз касе намедонад”,- хулоса кардааст ӯ.
Пештар биолог Анча Баранова шарҳ дода буд, ки гум шудани эҳсоси бӯй ҳангоми сироятёбӣ аз коронавирус метавонад безарар набошад, балки далели вайрон шудани «саддест», ки майнаи сари инсонро аз садамаҳо муҳофизат мекунад ва бозгашти эҳсоси бӯй маънои онро дорад, ки “садд”барқарор шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид






