ФУТБОЛ. Имрӯз дар Душанбе дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон бо ҳам рақобат мекунанд

Декабрь 24, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 14:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе бозии аввали  дӯстона байни дастаҳои футболи  мунтахаби  ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешавад. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба ин муносибат ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба  футбол  таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ҳайати бозингаронро барои бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Эрон эълон кард. Барои бозиҳои дарпешистода сармураббии  дастаи мунтахаби ҷавонони   Тоҷикистон  Мубин Эргашев 24 бозингар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст.

Ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон (U-19) дар бозии дӯстона бар зидди  дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Шоҳрух Сангов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Раҳим Қурбонов («Олимп-Химки», Россия);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Ӯзбекистан), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Салам Ашурмамадов («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама – «Локомотив-Помир»), Ҳикматилло Исмоилов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Бозиҳои дӯстона

24 декабр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

Тоҷикистон(U-19) – Эрон (U-19)

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

27 декабр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Декабрь 24, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд