Германия ба Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19 дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ кумак намуд

Декабрь 9, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз, 8 декабр дар Душанбе маросими супоридани дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии шушҳо (ДТС) аз ҷониби сафорати Германия дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

11 дастгоҳи танаффуси сунъии шушҳои истеҳсоли Швейтсария бо арзиши 287,5 ҳазор евро дар доираи кумаки молиявии ҳукумати Германия ба маблағи 1 миллион евро, ки аз тариқи бонки KfW моҳи марти соли равон дар доираи ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва Германия ҷудо шуда буд, харидорӣ шудааст.

Дар маросими супоридани таҷҳизоти тиббӣ намояндаи Сафорати Германия дар Тоҷикистон Ралф Мауредер, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва намояндаи Бонки рушд ва таҷдиди Германия (KfW) Фарзона Ноёбшоева ширкат варзиданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин як қисми дастгирии молиявӣ дар ҳаҷми 1 миллион евро мебошад, ки аз тарафи Вазорати Федералии Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушди Германия тавассути Бонки Рушд ва Таҷдиди Германия KfW ба Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо пандемияи COVID19 пешниҳод шудааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст