Хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон беҳтар карда мешавад

Декабрь 1, 2020 14:32

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави ва шарикони рушд  маросими баимзорасонии санадҳои дахлдор бо намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид доир ба татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мегардад, баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни баимзорасонӣ иброз дошт, ки  «боварии комил дорем, ки  мо дар якҷоягӣ дар самти амалисозии Лоиҳаи  «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» муваффақ гардида, ба натиҷаҳои назаррас  ноил хоҳем шуд».

Созишномаҳои қолабӣ ва молиявии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба амалисозии  Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2019 аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2019 тасдиқ гардиданд.

Тибқи созишномаҳои заминавӣ, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани иқтидори кадрии мутахассисон ва баланд намудани иттилоотнокии аҳолӣ уҳдадор мебошанд.

Декабрь 1, 2020 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд