ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ БЕ ҲИСОБКУНАКИ БАРҚӢ ҶИНОЯТ АСТ! Сокини Зимчуруд ба маблағи 7 ҳазору 497 сомонӣ ба буҷаи давлат зарар расонидааст

Декабрь 26, 2020 11:32

ДУШАНБЕ, 26.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор гардид, ки марди 58-солаи сокини деҳаи Зимчуруди ноҳияи Варзоб дар хонаи истиқоматиаш дӯкони оҳангарӣ ва чӯбтарошӣ сохта, бе ҳисобкунаки барқӣ дар давоми 6 моҳи соли 2020 ба маблағи 7 ҳазору 497 сомонӣ қувваи барқро истифода бурда, ба давлат зарари калон расонидааст.

Тавре  аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,   нисбат ба  номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба чунин амали ғайриқонунӣ даст задани баъзе аз сокинон  дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор гардидааст. Масалан, аввали моҳи декабр танҳо дар  натиҷаи аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе гузаронидани як  санҷиш ду далели истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ ошкор карда шуд.

Тибқи иттилои  маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Шодӣ Бобоёров дар манзили иҷорааш, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ неруи барқро берун аз ҳисобкунак истифода бурда, бо ин кирдораш ба буҷаи давлат ба маблағи 3876 сомонӣ зарар расонидааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар манзили истиқоматии  номбурда қоидаҳои бехатарии насби ноқилҳои барқӣ низ риоя намегарданд, ки ин метавонад ба сар задани ҳодисаҳои нохуш  сабаб гардад.

Инчунин дар ҷараёни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Файзулло Урозов, сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ғайриқонунӣ ва берун аз ҳисобкунак ноқили барқро ба коргоҳи самбӯсапазии ба иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ насб намудааст. Ҳамзамон номбурда қоидаҳои бехатариро сарфи назар намуда, инчунин барои пухтани самбӯса аз спиралҳои тафсон истифода карда, бо ин васила ба талафоти барзиёди неруи барқ роҳ додааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар муддати зиёда аз 3 моҳ 11 ҳазору 880 киловатт-соат қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, ба буҷаи давлат зиёда аз 7730 сомонӣ зарар расонидааст.

Чунин мисолҳоро зиёд метавон овард, ки аз бемасъулиятии баъзе сокинони мамлакат нисбат ба истифодаи неруи барқ дарак медиҳанд.

 Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби намояндагони тамоми сохторҳои иштирокдор ситоди ягонаи ҷумҳуривӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии нерӯи барқ созмон дода шуда,  ситоди мазкур фаъолияти худро аз 10 декабри соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз намуд.

Декабрь 26, 2020 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд
Санҷишҳои муштарак дар минтақаи Рашт 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқро ошкор карданд