КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат соҳиби бинои замонавӣ гардид

Декабрь 3, 2020 10:54

 ВАҲДАТ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат соҳиби бинои замонавие гардид, ки бо технологияи муосир таҷҳизонида шудааст. Дар ин бора муовини директори КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат  Икромиддин Сайидаҳмадов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бинои корхонаи мазкур аз панҷ ошёна иборат мебошад,  ки айни замон  мутахассисони КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» ва кормандони Кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат дар ҳуҷраҳои кушоду барҳаво ба шаҳрвандони корафтода хизмат мерасонанд.  Икромиддин Сайидаҳмадов мегӯяд, ки “самти асосии фаъолияти корхона, пеш аз ҳама, ба қайд гирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва бақайдгирии молумулки ғайриманқул мебошад. Соли равон  ба корхона аз ҷониби шаҳрвандон зиёда аз 3273 ариза ва дархост ворид шудаанд. То имрӯз  аз ҷониби бақайдгирандагони шуъбаи бақайдгирии корхона  1627 адад шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қайди замин, 1320 адад шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қайди биною иншоот ва иқтибосҳо, 83 адад бақайдгирии шартномаи гарав, 76 адад иттилои шахсони фавтида ва 12 адад бақайдгирии қатъии маҳдудият ба муроҷиаткунандагон дастрас карда шудаанд”.

Мутахассисони корхона мегӯянд, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди корӣ дар бинои нав сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардидааст. Ин аст, ки муроҷиати шаҳрвандон мувофиқи барномаҳои электронии корхона дар муҳлатҳои муайяншуда қонеъ гардонида мешавад.

Декабрь 3, 2020 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд