Кормандони милитсия баҳри риояи қонунҳои амалкунанда бо сокинони Ванҷ мулоқот доир намуданд

Декабрь 14, 2020 16:50

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо роҳбарии бевоситаи намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, полковники милитсия Мансур Бухоризода бо сокинони ҷамоати мазкур сӯҳбату вохӯрии судманд анҷом дода шуд.

Зимни вохӯрӣ иштирокдорон доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии гаравидани ҷавонон ба нашъамандӣ, шомил шудани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ дар хориҷи мамлакат, хушунату зӯроварӣ дар оила ва риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки танҳо бо риояи қонунҳои мазкур ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ метавонем насли ояндаи миллатамонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва созандагиву бунёдкорӣ тарбия намоем.

Декабрь 14, 2020 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад