Кормандони милитсия дар Ҳисор якчанд хонандаро, ки ба ҷои дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул буданд, боздошт намуданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсия дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерии шаҳри Ҳисор 10 нафар ноболиғ ва 16 нафар ҷавонон, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро, ки дар вақту соати дарсӣ ба ҳар гуна бозиҳои компютерии дорои хусусияти зӯроварӣ машғул буданд, боздошт намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Ин чорабинии мақсадноки пешгирикунанда бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб миёни ноболиғону ҷавонон аз ҷониби кормандони шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Тавре маълум гардид, аксари ин наврасону ҷавонони зикршуда бо баҳонаи ба мактаб рафтан аз беназоративу бемасъулиятии волидон ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, вақти худро дар марказҳои компютерӣ ба шуғлҳои беҳудаи зараровар мегузаронидаанд.
Ин тадбирандешӣ бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ карда шуда, ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғонро ошкор намуд. Аён гардид, ки ноболиғони зиёд рӯзона бе назорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки сабаби ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона дар зеҳну тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд. Дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон боиси ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегардад.
Нисбат ба волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабинии мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба моликони ин гуна интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерӣ, ки дидаву дониста ноболиғону ҷавонони мактабхонро дар вақту соати дарсӣ ба иншооти худ роҳ додаанд, мувофиқи моддаи 464 иловаи 1-и Кодекси мазкур тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд.








Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад






