Кормандони Сафорати Россия дар Кобул пас аз таркиш ниёз ба бистарӣ шудан надоштанд
ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз таркиши мошини Сафорати Россия дар пойтахти Афғонистон касе аз кормандони намояндагии дипломатӣ ниёз ба бистарӣ шудан дар беморхона надошт. Тавре АМИТ Ховар бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора атташеи матбуотии намояндагии дипломатии Россия дар Афғонистон Никита Ишенко изҳор кардааст. Ҳамзамон вай тасдиқ кард, ки ба мошини сафорат ба асари ин таркиш «хисороти назаррас» расонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки мошини Сафорати Россия дар Афғонистон 1 декабр дар Кобул, дар наздикии бинои намояндагии дипломатии Россия тавассути дастгоҳи таркандаи худсохт тарконида шуд. Кормандони сафорат, ки дар дохили мошин буданд, ҷароҳати сабук бардоштанд.
Ҳоло ба гуфтаи Ишенко, тафилоти ин ҳамлаи террористӣ муайян карда мешавад.
«Дар айни замон тафтиш идома дорад, ки оё ҳамлаи террористӣ зидди кормандони дипломатии Россия равона шуда буд ё не», — гуфтааст атташеи матбуоти Россия ба «РИА Новости».
АКС аз манобеи озод








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






