Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти Кӯлоб барои ҳифзи парандагон дар зимистон дар ҷойҳои муайян 200 кг гандум пошиданд
ДУШАНБЕ, 20.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои ҳифзи саршумори парандагон дар сардии зимистони солҳои 2020-2021 дар талу теппаҳо ва мавзеъҳои наздикӯҳӣ корҳои биотехникӣ анҷом дода шуда, дар ҷойҳои муайян ба миқдори 200 кг гандум пошида шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.
Вобаста ба боду ҳаво дар ҳолати зарурӣ чунин корҳо дар дигар мавзеъҳо ва минтақаҳои шаҳри Кӯлоб гузаронида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар нимбиёбонҳои Тоҷикистон ҳар сол садҳо намуди парандагонро дидан мумкин аст, ки баъзеи онҳо муқимӣ буда, дигарашон мавсимй ё роҳгузару кӯчӣ мебошанд. Хусусан, кабки биёбонӣ, сӯфитурғайи пӯпидор, ҷуғз, гунҷишкҳо, магасхӯрак бешгар вомехӯранд. Инчунин дар обанбору кӯлу дарёҳои Тоҷикистон шабонапар, лаклаки сиёҳ, қози ҳиндӣ, мурғобии сурх, мурғобии паҳннӯл, мурғобии сафед, кашқалдоқмурғобӣ, қассобак, моҳихӯрак, гунҷишки обии сафедшикам, дурроҷи ало, гунҷишки ҷигарранги обӣ ва ғайра ҳастанд. Дар маҳалҳои аҳолинишин ва водиҳои кӯҳсори Тоҷикистон бештар ба сӯфитурғайи пӯпидор, гунҷишкхо, саъба, фотимачумчуқ, мусича, аккаи ало, эзорсурхак, тутпухтак, майна, гунҷишкҳои испании саҳроӣ, фарошгурук ва булбул вохӯрдан мумкин аст. Дар дашгу доманаи кӯҳҳои Тоҷикистон куркурикарок, зоғи кабуд, гунҷишки даштӣ, гунҷишки ало, сӯфитурғайи саҳроӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ҷангалу даштҳои кӯҳӣ кабк, харкафтар, ҷуғз, шоҳин, аккаи сиёҳ, алошақшақа, зардак, пашшахӯрак (гунҷишки ҳиндӣ), булбул, фотимачумчуқи калон вомехӯранд.
Иқлими мусоиди водию дараҳои Тоҷикистон ва фаровонии хӯрок боиси зиёд шудани парандаҳои муқимӣ гаштааст. Ҳоло намудҳои онҳо аз 40 зиёд аст. Онҳо имкон доранд, ки аз баландкӯҳҳо ба дараю водиҳо ва саҳроҳо фаромада, зимистонро гузаронанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 мавзеи калидии орнитологӣ муайян шудаанд, ки дар онҳо шумораи зиёди парандагон, хусусан дар фасли зимистон ҷамъ меоянд. Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ минтақаи муҳим барои ҷамъ омадани парандагон маҳсуб меёбад. Зеро дар фасли зимистон ҳангоми фаро расидани сармо дар қисмати Сибир ва Қазоқистони Шимолӣ аксар намуди парандагон ба Тоҷикистон мекӯчанд.
Ба гуфти мутахассисони соҳаи парандашиносӣ, дар минтақаи Тоҷикистони ҷанубӣ-ғарбӣ ва мавзеъҳои обию ботлоқии Тоҷикистони шимолӣ ҷамъ омадани то 150 ҳазор парандагон ба қайд гирифта шудааст. Хусусан, дар обанбори «Баҳри тоҷик» дар қисмати шимолии Тоҷикистон ва обанборҳое, ки дар қисмати Тоҷикистони ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Ҳавзу кӯлҳои мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», поёноби дарёи Вахшу Кофарниҳон мавзеъҳои калидии ҷамъ омадани парандагон дар фасли зимистон маҳсуб мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки 43 намуди парандагони Тоҷикистон парандагони нодир маҳсуб шуда, зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд. Онҳо ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” ворид карда шуда, таҳти муҳофизат қарор доранд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он ҳамчун парандаи сол интихоб менамоянд.
Соли 2020 фароштурук парандаи сол эълон гардида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






