Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Германия дар шакли видеоконфронс баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия дар видеоконфронс баргузор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайатҳои тарафҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Германия доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Михаел Зиберт роҳбарӣ карданд.
Зимни муколама маҷмӯи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкории самарабахши ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, муҳоҷират, тадбирҳои муштарак бар зидди ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши пайомадҳои тағйирёбии иқлим таъкид гардид.
Ҷонибҳо пиромуни масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ, густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ташаббуси минтақавии «Осиёи Марказии Сабз» мубодилаи афкор намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






