Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Маркази имдодрасонии шоҳ Салмон
ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Мушовири Девони подшоҳӣ ва Роҳбари Маркази имдодрасонӣ ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Ал-Рабиа мулоқот анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои авлавиятноки ҳамкории ду кишвар дар соҳаи умури инсонӣ, аз ҷумла андешидани тадбирҳои муштарак дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва раванди татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро ҷиҳати таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак таъкид намуданд.
АКС ВКХ ҶТ








Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд






