Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Декабрь 21, 2020 18:32

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Шӯрои oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ доир гардид. Дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа, аз ҷумла Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун табодули назар сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зикр шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд. Ҷонибҳо изҳор карданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду кишвар бояд афзояд.

Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ дар Давҳа истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи муҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад.

Тоҷикистон нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он ҳамеша пуштибонӣ мекунад.

Ҷаҳон имрӯз шоҳиди низоъҳои хунин дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногун, афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, ташдиди рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ мебошад. Ин падидаҳо, бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақаи мо таҳдиди ҷиддӣ дошта метавонанд. Дар ин росто, зарур дониста шуд, ки барои нобуд сохтани пойгоҳҳои террористон ва гурӯҳҳои муташаккили қочоқчиёни маводди мухаддир иқдомҳои муштарак роҳандозӣ шаванд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

АКСҲО аз ВКХ ТҶ

Декабрь 21, 2020 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд