Муовини волии Кобул дар натиҷаи таркиш кушта шуд

Декабрь 15, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/ Полиси Кобул хабар додааст, ки ин ҳодиса субҳи имрӯз дар Микрорайони чаҳоруми ноҳияи 9-уми амниятии Кобул рух додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Афғонистон tolonews.com.

Субҳи имрӯз муовини волии (губернатори) Кобул Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ ва ёвари ӯ кушта шуданд.

Тибқи иттилои полиси Кобул, ин ҳодиса тақрибан соати 9:40 дақиқаи субҳи имрӯз (сешанбеи 15 декабр) дар ҳудуди Микрорайони чаҳоруми ноҳияи 9-уми амниятии Кобул ҳангоме рух дод, ки минаи магнитии дар мошини Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ гузошташуда таркид.

Пулиси Кобул мегӯяд, ки ду посбони Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ низ дар ин инфиҷор захмӣ шуданд.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон», масъулияти таркишро ба дӯш нагирифтааст.

Декабрь 15, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид