«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон маҷмӯаи мақолаҳои олимон ба нашр расид

Декабрь 1, 2020 08:33

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, болоравии  сатҳи маънавиёти ҷомеа, арҷгузорӣ ба хизматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат бо ибтикори Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҷмӯаи мақолаҳо  бо унвони «Нақши  Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ» ба нашр расид. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ин маҷмӯа, ки ҶДММ «Нури моҳтоб» ба нашр расонид, мақолаҳои илмии устодони донишкада ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат гирд оварда шудаанд. Китоб зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ нашр шудааст.  Мураттиби  маҷмӯа номзади илмҳои филологӣ, дотсент Алишер Авғонов мебошад.

Дар китоб беш аз 30 мақолаи илмӣ, аз ҷумла «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ», «Пешвои миллат  ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон», «Образи Пешвои миллат дар драматургияи тоҷик», «Уфуқҳои сиёсати китобдории Пешвои миллат», «Пешвои миллат ва ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон», «Рисолати Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ», «Саҳми Пешвои миллат дар рушди туризми фарҳангӣ — маърифатӣ» нашр шудаанд, ки муаллифон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое меҳисобанд, ки бо фаросату ҷасорат, сиришти пок ва фитрати азалии худ дар маснади бузурги роҳбарӣ нишаста, давлатдории миллии тоҷиконро дар даврони муосир асос гузоштаанд.

Зимни мутолиаи китоб  хонанда  бори дигар дармеёбад, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба фарҳанг такя мекарданд ва имрӯз низ кор бурдан аз фарҳанги миллӣ шеваи фаъолияти доманадорашон мебошад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Муаллифони мақолаҳо ҳамзамон  ёдрас мешаванд, ки дар мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои “Шашмақом”, “Фалак”, таҷлили ҳамасола ва бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, сайри гули лола, инчунин Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи китоб, дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон нақши калидӣ бозиданду мебозанд.

Маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муассисаҳаи муҳташами фарҳангӣ, аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат оину ҷашнҳои миллӣ, назири Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас ва чакан эҳё гардида, қисме аз арзишҳои фарҳангӣ, мисли Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии созмони фавқуззикр ворид шуданд. Бо иқдоми Сарвари давлат соли 2019 мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ барои ворид шудан ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод гаштанд.

Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд, ки ин ҳама дар мақолаҳои илмии дар ин маҷмӯа гирдомада инъикос ёфтаанд.

Декабрь 1, 2020 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Азнавбақайдгирӣ ва феҳристнигории ёдгориҳои шаҳри Душанбе ба анҷом расид
Ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд шуд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявӣ дар «Хуррамшаҳр»-и ноҳияи Данғара доир шуд
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Дар Тоҷикистон ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо эҳтиром гузошта мешавад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ маҳфили ҳофизхонӣ баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Воқеънигор» ифтитоҳ гардид
Имсол 125-солагии шоири мумтоз ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Вализода таҷлил мегардад
Профессор Муҳаммад Абдураҳмон: «Сано бодо ба модари тоҷик — Ситорабону, ки Сино – нобиғаи асрҳоро ба мо ва аҳли башар тақдим намуд»
Дар Душанбе аввалин маротиба Ҷашнвораи филмҳои ҷопонӣ баргузор мегардад
«САД РАНГИ ЧАКАН». Ин фестивал бо мақсади муаррифии фарҳангу ҳунари бостонии халқи тоҷик баргузор мешавад
Намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд шинос шуданд