«Нақши ВАО дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ»-таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид

Декабрь 17, 2020 14:43

ДУШАНБЕ, 17.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма /ВАО/ дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати  миллӣ» ҳамоиш доир гардид, ки дар  он  намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он масъалаҳои мубрами марбут ба нақши намояндагони ВАО дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ  дар шароити тезутунд гардидани авзои ҷаҳони муосир матраҳ гардид.

Дар ҳамоиш раиси Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати  ваҳдати  миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, намояндаи Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, муовини директори АМИТ «Ховар» Қаноатулло Сайфуллоев ва директори радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзода роҷеъ ба нақши ВАО дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ раванди бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат, ки имрӯзҳо таҳти Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ босуръат идома дорад, сухан карданд.

Зикр шуд, ки асри 21 асри иттиллоот буда, ВАО  дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, тақвияти пояҳои давлатдорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳон ва аз ҳама беш дар таҳкими амнияти давлат, оромию субот ва ваҳдату ҳамраъии мардуми мамлакат ҷойгоҳи арзишманд дорад. Таъкид гардид, ки  дар шароити бошитоб ва дигаргуниҳои ҷаҳони муосир,  ки садҳо падидаҳои номатлуб ва хатарҳоро пеш овардааст, бояд намояндагони ВАО бо донишу ҷаҳонбинии васеъ, касбият  ва содиқ будан ба Ватан дар таҳкими суботу амният ва ваҳдати миллӣ дар кишвар саҳми босазо гузоранд. Хусусан намояндагони ВАО нисбати паёмадҳои ҷаҳони муосир, ки қувваҳои бадхоҳу  пасипардагӣ ва ифротӣ, ҳар гуна  иттилооти бардурӯғу иғвоангезро дар фазои иттилоотӣ пахш намуда, манфиатҳои кишварҳои абарқудратро ҳимоя менамоянд,  бо силоҳи худ-қалам муборизаи  оштинопазир бурда, рисолати худро дар ҷомеа иҷро созанд. Зеро дар шароити кунунӣ,  ки авзои ҷаҳон зуд-зуд тағйир меёбад ва бархе аз қувваҳои бадхоҳ, ки аз хориҷа дар камин истода, ба суи кишварамон  сангпартоӣ менамоянд ва пешрату дастовардҳои Тоҷикистони муосирро чашми дидан надоранд, бояд намояндагони ВАО дар ҳифзи амнияти давлат ва пойдории суботи мамлакат зирак бошанд ва саҳми бориз гузоранд. Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки бояд дар кишвар холигии фазои итилоотӣ ҳамеша пур карда шавад, зеро қувваҳое ҳастанд, ки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои нопоки худ аз холигии фазои иттилоотӣ истифода менамоянд.

Декабрь 17, 2020 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст