Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои ИДМ масоили ҳамгироиро дар доираи ЮНЕСКО муҳокима карданд

Декабрь 25, 2020 10:34

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 24 декабр машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии давлатҳои аъзои ИДМ дар доираи ЮНЕСКО» тариқи видеоконфронс баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Иштирокчиёни видеоконфронс ҷанбаҳои гуногуни фаъолият ва самтҳои умедбахши ҳамкории давлатҳои Иттиҳодро дар доираи ЮНЕСКО муҳокима карданд.

Зарурати таҳияи мавқеи муштарак оид ба ислоҳот ва идораи ЮНЕСКО, инчунин оид ба масъалаҳои асосии буҷетӣ-маъмурӣ ва интихоби ҳайати роҳбарикунанда ва ёрирасон зикр карда шуд.

Ҳамчунин мушкилоти эҳёи иншооти мероси ҷаҳонӣ, ки зимни низоъҳои мусаллаҳона хисорот дидаанд, инчунин масъалаҳои ВАО ва озодии баён, барномаи зиддидопингии Созмон, омода кардани тавсияҳо дар соҳаи ахлоқи зеҳни сунъӣ ва «илми кушод» баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиёни машваратҳо дурнамои роҳандозии ҳамкориро байни Кумитаи иҷроияи ИДМ ва ЮНЕСКО муҳокима карданд. Машваратҳои навбатӣ дар мавзӯи ҳамгироӣ дар доираи ЮНЕСКО моҳи сентябри соли оянда дар Москва баргузор хоҳанд шуд.

АКС аз Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Декабрь 25, 2020 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд