Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ эътимоднома супорид

Декабрь 24, 2020 16:46

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  23 декабр дар Ҷидда Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ ба Дабири кулли Созмони мазкур доктор Юсуф Аҳмад Ал—Усаймин супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва ниҳодҳои зерсохтори он баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақвияти фаъолияти муштараки бисёрҷониба дар чорчӯби СҲИ авлавият медиҳад.

Инчунин ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилаӣ ва минтақавӣ, абзорҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир ва роҳандозии талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули назар карданд.

                                                                                                      АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 24, 2020 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»