Нашриёти «Адиб» бори аввал дар Кӯлоб намоиш-фурӯши китоб доир намуд

Декабрь 2, 2020 13:28

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бо ташаббуси Нашриёти «Адиб» бори аввал дар шаҳри Кӯлоб намоиш-фурӯши китоб баргузор шуд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ, ки дар  саҳни бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доир гардид,  зиёда аз  150 номгӯи китоб бо  теъдоди  5000 нусха пешниҳоди дӯстдорони мутолиа гардид.  Иштиёқмандони мутолиа ҳамчунин имкон  доштанд, ки аз ин намоиш-фурӯш китобҳоро аз осори адибони муосири тоҷик ва  нависандагони ҷаҳонӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ бо нархҳои  дастрас  харид  намоянд.  

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, «ин  маъракаи фарҳангӣ барои дӯстдорони китоб  ба ҷашни бошукӯҳу хотирмон  табдил ёфт.  Зеро онҳо имкон доштанд дар  китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта,  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд».

«Бори аввал аст, ки Нашриёти «Адиб» дар шаҳри Кӯлоб чунин маъракаи фарҳангиро барпо менамояд. Ростӣ, ҳанӯз аз дақиқаҳои аввали баргузории намоиш-фурӯши китоб маро эҳсоси шодмонию фараҳмандӣ   фаро гирифт, зеро ҳеҷ гумон надоштам, ки дар  як лаҳзаи бисёр кутоҳ ин қадар  дӯстдорони каломи бадеъ дар ин макон ҷамъ шаванд. Шавқу рағбат ва теъдоди зиёди мухлисони китобро дида, хушҳол шудам, ки воқеан ҳам мардуми мо дӯстдори мутолиа ва муштоқи баргузории чунин  барномаҳои фарҳангӣ ҳастанд»,-афзуд Давлат Сафар.

Мавриди зикр аст, ки нашриёти «Адиб» иқдоми мазкурро  таҳти унвони «Китоб бояд хонд!» ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли 2019 роҳандозӣ намудааст.

«Муассисаи нашриёти «Адиб» аз аввали соли равон ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши китоб мегузаронд. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ беш аз 5000 нусха китоб, ки фарогири  асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва ҳуруфоти ниёгон мебошанд,  ба фурӯш гузошта мешаванд. Агар дар аввал муассисаи мо рӯзҳои шанбе чунин чорабинии фарҳангиро роҳандозӣ менамуд, вақтҳои охир  афзоиши  таваҷҷуҳ ва талаботи зиёди мардум   ба китоб моро водор сохт, ки онро қариб  ҳар рӯз онро доир намоем. Акнун  тасмим гирифтаем, ки чунин намоиш-фурӯшҳоро дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат доир намоем. Ҳадаф аз баргузории ин ярмарка  ҳарчи бештар ба мардум дастрас намудани китоб аст»,- илова кард директори «Адиб» Давлат Сафар.

Декабрь 2, 2020 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид