НЕРУИ БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕМ! Эҳдо ба Рӯзи энергетикҳо

Декабрь 22, 2020 11:08

 ДУШАНБЕ, 22.12.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз Рӯзи энергетикҳои Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар қарни ХХI энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии давлатҳои олам табдил ёфта, бе рушди он пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соҳаи энергетикаи мамлакат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла, ба истифода супоридани неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин Неругоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурд аз ҷумлаи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир мебошанд.

Дар давраҳои оғози истиқлол солҳое буданд, ки сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду соат барқ мегирифтанд. Ҳоло мардуми Тоҷикистон қариб 24 соат бо неруи барқ таъмин мебошанд.  Аммо тавре ҳамагон огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим босуръат идома дорад. Таъсири он, хусусан обшавии пиряхҳо имсол ба Тоҷикистон низ расид ва ин омил бетаъсир намонд. Аз ин рӯ ҳар шаҳрванд бояд истифодаи сарфакоронаи неруи барқро, хусусан дар фасли сармо хуб дарк намояд, зеро агар имрӯз неруи барқро сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.

Дар баробари ин масъулияти кормандони соҳаи барқ ва дигар сохторҳову мақомоти давлатӣ дар мавриди таъмини зиндагии хушу гуворои халқ, рӯшании ҳар хонадон, ободию чароғонкунии кӯчаю маҳалла ва шаҳру диёр бағоят бузург аст.

Ҳадаф аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва муроҷиатномаи Ҳукумати мамлакат дар робита ба истифодаи дурусти неруи барқ низ ҳамин аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 декабр зимни машварати корӣ дар робита ба фарорасии фасли зимистон ва афзоиши талаботи мардум ба неруи барқ таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби мамлакат  дар фасли зимистон бояд ҳар оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд.

Зеро ҳарчанд ки захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд.

Дар ин робита, дар шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти раёсати Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо иштироки сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб (Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Восеъ, Темурмалик, Фархор, Ш.Шоҳин, Муминобод, Ховалинг, Балҷувон) ва масъулони соҳаи энергетика ва ширкати «Барқи Тоҷик»-и минтақаи мазкур ҷаласаи якҷоя баргузор гардид.

Вазири корҳои дохилӣ оид ба бардоштани маҳдудияти истифодаи неруи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон сухан ронда, таъкид кард, ки миёни аҳолии ҳар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд. Ҳамчунин барои ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ ва пардохти қарз аз неруи барқ дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар шаҳри Кӯлоб 8 гурӯҳи таблиғотӣ, 4 мошини таблиғотӣ ва 5 гурӯҳи дигар дар минтақаҳои дури шаҳр фаъолият доранд ва зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ баргузор гардиданд, мерасонанд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории таъсисшуда низоми истифодаи қувваи барқ аз тарафи ҳар шаҳрванд, корхонаю ташкилот, новобаста аз шакли моликияташон санҷида мешаванд. Чунки дар баъзе минтақаҳо кормандони барқ дар кори исрофкорӣ ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ бе ҳисобкунаки барқӣ даст доранд ва қарзи доштаи баъзе муштариёнро рӯпӯш менамоянд.

Баъди таъсис додани гурӯҳҳои корӣ истифодаи қувваи барқ аз ҳисоби сарфакорӣ 10-20% коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин доир ба чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагири коронавирус, ҷиддӣ риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва масофаи иҷтимоӣ таъкид карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро ҳар нафар бояд аз оила, хона, маҳалла ва коргоҳи худ оғоз намояд.

Дар идомаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати риояи низоми истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқ, ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа расида, сабаби вайрон шудани танзими таъминот бо неруи барқ мегардад ва пардохти саривақтии маблағи барқ ба масъулини соҳа  даструр супоришҳои мушаххас дод.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақвияти муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ барои нафақагирон сол то сол меафзояд
Дар Панҷакент вобаста ба истифодаи босамари замин ҷаласа баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти содирот баррасӣ шуд
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Эрон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия баррасӣ шуд
Гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич шинос гардид
«КИШВАРИ САБЗ». Дар ин парваришгоҳ зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ парвариш мешавад
Ширкати «Carpi» дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон иштирок менамояд
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо Ташкилоти байналмилалии рушди ИНТОСАЙ тақвият меёбад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эфиопия дар соҳаи авиатсия баррасӣ шуд
Мақомоти гумруки Тоҷикистон 6 ҳазору 490 қуттӣ маҳсулоти тамокуи ба таври қочоқ воридшударо ошкор намуд