Nikkei: Барои мубориза бо пандемия ва дастгирии иқтисоди ҷаҳонӣ алакай беш аз 13 триллион доллар сарф шудааст
ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маблағи умумии барои мубориза бо пандемияи COVID-19, рафъи мушкилоти иқтисодии вобаста ба он ва кумак ба аҳолӣ ҷудошуда ҳоло дар ҷаҳон аз 13 триллион доллар зиёд шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, рӯзномаи Ҷопонии «Nikkei» дар ин бора рӯзи чоршанбе иттилоъ додааст.
Рӯзнома бо истинод ба ҳисобҳои коршиносон зикр мекунад, ки ин маблағ маҷмӯи тадбирҳои ҳавасмандгардонии иқтисодиётро дар шароити пандемия, инчунин бастаи навакак дар Конгресси ИМА мувофиқашударо ба маблағи тақрибан 900 миллиард доллар, дар бар мегирад.
Қабули барномаҳои нав ба навии ҳавасмандкунии иқтисодиёт, -омадааст дар «Nikkei » — боиси таварруми қарзи давлатӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мегардад. Мувофиқи маълумоти мутахассисон дар соли 2021 он 125% -и маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳоро ташкил хоҳад кард.
АКС аз сомонаи korrespondent.net








Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид






