«ОХИРИН САЙДИ САЙЁД». Наворбардории ин филми ҳунарӣ ба охир расид

Декабрь 21, 2020 13:44

ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Наворбардории филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд», ки бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов таҳия мешавад, дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва минтақаи «Бешаи палангон» анҷом ёфта, мавриди танзим, овоздиҳӣ, оҳангсозӣ ва банду баст қарор дода шуд.

Муҳаммарабӣ Исмоилов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки филми мазкур ду моҳ наворбардорӣ шуд ва дар раванди наворбардории он гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо ҷалби зиёда аз 40 нафар ҳунармандони касбӣ ва нақшофарон  ширкат намуд.

— Мо тасмим дорем пас аз банду баст бо дастгирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми ҳунариро моҳи май манзури тамошобинон гардонем,-гуфт коргардон.

Филм аз рӯи романи Аброр Зоҳир гирифта шуда, дар бораи шикорчие бо номи Сайёд қисса мекунад, ки дар беша ба шикор машғул шуда, бахташро меёбад. Сайёд ба ҷои сайд аз дохили об духтареро пайдо мекунад. Пас аз чанд муддати табобат духтар ба ҳуш омада, бо вай издивоҷ мекунад. Духтар аз он сӯи дарё, яъне аз Афғонистон буда, тақдири худро бо бачаи шикорчии тоҷик- Сайёд мепайвандад.

Филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд» бо дастгирию кумаки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Айнӣ ва Дӯстӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», Сирки давлатӣ ва Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст. 

Декабрь 21, 2020 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд