«ОХИРИН САЙДИ САЙЁД». Наворбардории ин филми ҳунарӣ ба охир расид
ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Наворбардории филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд», ки бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов таҳия мешавад, дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва минтақаи «Бешаи палангон» анҷом ёфта, мавриди танзим, овоздиҳӣ, оҳангсозӣ ва банду баст қарор дода шуд.
Муҳаммарабӣ Исмоилов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки филми мазкур ду моҳ наворбардорӣ шуд ва дар раванди наворбардории он гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо ҷалби зиёда аз 40 нафар ҳунармандони касбӣ ва нақшофарон ширкат намуд.
— Мо тасмим дорем пас аз банду баст бо дастгирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми ҳунариро моҳи май манзури тамошобинон гардонем,-гуфт коргардон.
Филм аз рӯи романи Аброр Зоҳир гирифта шуда, дар бораи шикорчие бо номи Сайёд қисса мекунад, ки дар беша ба шикор машғул шуда, бахташро меёбад. Сайёд ба ҷои сайд аз дохили об духтареро пайдо мекунад. Пас аз чанд муддати табобат духтар ба ҳуш омада, бо вай издивоҷ мекунад. Духтар аз он сӯи дарё, яъне аз Афғонистон буда, тақдири худро бо бачаи шикорчии тоҷик- Сайёд мепайвандад.
Филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд» бо дастгирию кумаки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Айнӣ ва Дӯстӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», Сирки давлатӣ ва Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






