«Оила бе хушунат зебост» — таҳти чунин унвон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов машварат доир гардид

Декабрь 7, 2020 09:51

ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бахши  кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти унвони «Оила бе хушунат зебост» машварат баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар машварат мудирони кор бо занон, Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маорифу тандурустӣ, раисони шӯрои занони ҷамоатҳо, иштирок намуда, назарҳояшонро вобаста ба пешгирии хушунати хонаводагӣ баён доштанд. Зимни машварат аз тарафи намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби бахши кор бо занон «Микрофони озод» ташкил карда шуда, сокинон фикру ақида ва пешниҳодҳои худро оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила  иброз намуданд.

Дар робита ба ин мавзӯъ аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом таҳти унвони «Нест бод зӯроварӣ» барномаҳои иттилоотӣ баргузор гардиданд.

Декабрь 7, 2020 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад