Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар намоиши «Мероси муштараки буддоии кишварҳои узви СҲШ» ба таври маҷозӣ иштирок менамояд

Декабрь 2, 2020 13:46

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 ноябри соли 2020 то 28 феврали 2021 Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар намоиши «Мероси муштараки буддоии кишварҳои узви СҲШ», ки дар шакли маҷозӣ (онлайн/виртуалӣ) баргузор мегардад, иштирок менамояд. Намоиш бо истифода аз мундариҷаҳои рақамӣ, аз қабили аксҳо ва наворҳо ба шакли 3D ба тамошобинон пешниҳод мешавад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

«Мероси муштараки буддоии кишварҳои узви СҲШ» аввалин намоиши маҷозии мероси буддоия мебошад, ки дар он муассисаҳо ва осорхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок меварзанд.

Дар намоиши мазкур осорхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, аз қабили Осорхонаи миллии Деҳлӣ ва Осорхонаи миллии Калкуттаи Ҷумҳурии Ҳиндустон, Осорхонаи миллии Қазоқистон, Академияи Дун Хуанги Ҷумҳурии мардумии Чин, Осорхонаи миллии таърихии Ҷумҳурии Қирғизистон, Осорхонаи Покистон, Осорхонаи санъати мардуми Шарқи Федератсияи Россия, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва Осорхонаи ёдгориҳои машҳури бостоншиносии Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

Намоиши «Мероси муштараки буддоии кишварҳои узви СҲШ» ганҷинаҳои нодир ва гаронбаҳои мероси буддоияро пешниҳод намуда, паҳлуҳои гуногуни санъати буддоиро нишон медиҳад, ки аз доираи сарҳадҳои миллӣ убур карда, бо фарҳангҳои минтақаҳои наздик омезиш ёфтаанд.

Тамошобинон метавонанд бо ганҷинаҳои мероси буддоия аз мактабҳои Қандаҳор ва Матҳура, Наланда, Амараватӣ ва Сарнатҳ, муъҷизаҳои нодири мероси буддоияи Ҷумҳурии Қазоқистон, Чину Қирғизистону Покистон ва санъати бурягии буддоияи Россия шинос гарданд. Инчунин дар намоиш тамошобин метавонанд аз Буддои 13- метраи дарозкашида (Буддо дар ҳолати нирвана), ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бозёфти нодири мероси буддоия пешниҳод шудааст, дидан намоянд.

Намоиши мазкурро аз ин суроға https://nmvirtual.in/ метавонед тамошо намоед.

Декабрь 2, 2020 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад