Президенти КФО Рустами Эмомалиро барои дубора ба мансаби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудан табрик намуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро барои дубора ба мансаби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданашон табрик намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Ҷаноби президент, ман шодам, ки табрикоти шахсӣ ва орзуҳои беҳтарини худро ба муносибати дубора ба мансаби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданатон ба муддати солҳои 2020-2024 дар Конгресси навбатӣ, ки дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, мерасонам. Интихоби Шумо шаҳодати эътимоди футболи тоҷик ба қобилияти Шумост, ки ман онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунам. Ман умедворам, ки дар ояндаи наздик бо Шумо мулоқот хоҳам кард», — омадааст дар номаи расмии президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа.
АКСҲО аз ФФТ









БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






