Раиси Иттифоқи журналистони Ғазнӣ дар ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуд

Декабрь 21, 2020 20:04

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Полиси вилояти Ғазнии Афғонистон тасдиқ мекунад, ки Раҳматуллоҳ Некзод, раиси иттиҳодияи журналистони вилоят, шоми рӯзи душанбе, 21 декабр) ҳангоми ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум дар назди хонааш  дар шаҳри Ғазнӣ кушта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Afghanistan.ru.

 Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ҷаноби Некзод ба ҳайси хабарнигор дар шабакаҳои хабарии “Ал-ҷазира”, “Ассошиэйтед Пресс” ва дигар оҷонсиҳои иттилоотӣ фаъолият кардааст.

Ин панҷумин рӯзноманигорест, ки дар тӯли камтар аз ду моҳ дар Афғонистон кушта шудааст.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон”, масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст…

Ҳафтаи гузашта Дебора Лайонс, фиристодаи вижаи СММ дар Афғонистон гуфт, ки танҳо дар соли ҷорӣ шаш рӯзноманигор ва даҳ ҳомии ҳуқуқи башар дар Афғонистон ҷони худро аз даст доданд.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 21, 2020 20:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд