ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз ҷаҳон Рӯзи инқилоби зимистонии Офтобро* таҷлил мекунад
ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи инқилоби зимистонии Офтоб таҷлил карда мешавад. Маҳз ба ин рӯз, рӯзи кутоҳтарин ва шаби дарозтарини сол рост меояд. Инқилоби зимистонии Офтоб оғози зимистони астрологӣ маҳсуб меёбад, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».
«Ин падидаи маъмули астрономӣ лаҳзаи убури маркази Офтобро тавассути нуқтаҳои эклиптика аз экватори фазои осмонӣ инъикос мекунад. Дар лаҳзаи инқилоби зимистонии Офтоб ҷисми осмонӣ қарор мегирад ва пас аз тақрибан 5 рӯз ҳаракаташро ба муқобил иваз мекунад, ба баландшавӣ сар мекунад. Инқилоби зимистонии Офтоб соати 15:02 ба вақти Душанбе ба вуқӯъ меояд», — шарҳ дод ба АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Юпитер бо Сатурн ба ҳам хоҳанд пайваст. Ин рӯйдоди даврон аст ва одатан он ба давраи 20-сола таъсир мерасонад. Ин дафъа таъсир дар 120 сол паҳн хоҳад шуд. Ба гуфтаи ситорашиносон, ин ҳодиса нуқтаи ибтидои давраи нав аст. Барои тамоми кишвар ва ҳар кадоми мо тағйиротро интизор шудан мумкин аст.
Ба андешаи ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Дилшод Раҳимӣ, Ялдо калимаи сурёнӣ буда, ҳамрешаи таваллуд аст. Яъне дар шаби 21 декабр Меҳр (Митра) эзади нуру рӯшноӣ таваллуд шудааст. Аз фардои он — 22 декабр рӯзҳо 2 дақиқаӣ дароз шудан мегиранд. Яъне Ялдо таваллуди рӯшноӣ аст.
«Ниёгони мо, тибқи устураҳо, бовар доштанд, ки Меҳр дар ғор таваллуд мешавад ва чил рӯз он ҷо дар чилла мемонад. (Имрӯзҳо ҳам чилла доштани навзодҳо, чиллаи арӯсӣ, чиллаи азодорӣ роиҷанд). Баъд аз чил рӯзи чилладорӣ эзади Меҳр аз ғор берун меояд ва мардум онро рӯзро (30 январро) бо номи Сада ҷашн мегиранд. Ба хотири тақвият бахшидан ба Меҳри 40-рӯза гулханҳо афрӯхта, нуру гармиро орзу мекунанд, — мегӯяд Д. Раҳимӣ ва меафзояд, ки тарбуз ва анор рамзи шаби Ялдо мебошанд, зеро ҳар ду дарунсурханд. Мисли ин ки офтоб тулӯъ кунад сурх мешавад».
Тавре ӯ мегӯяд: «Дар байни тоҷикон Ялдоро бо номи Шаби чилла мешиносанд ва онро гиромӣ медоштанд. (Шахсан аз домуллои куҳансоле шунида будам, ки мегуфт: дар солҳои пеш дар шаби Чилла одамони босавод шабнишинӣ карда, оёти Қуръон мехонданд, ибодат мекарданд ва дар ин шаб тарбуз хӯрдан бисёр савоб будааст)».
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи инқилоби зимистонии Офтоб Шаби Ялдо низ ном дошта, дар тарҷума ба тоҷикӣ-форсӣ маънои шаби дарозро дорад. Ин шабро, чун дигар ҷашнҳои бостонии мо ба мисли Наврӯз, Сада, Меҳргон, гузаштагони тоҷикон — зардуштиён ҷашн мегирифтанд. Маҳз аз он вақт, инсоният дарк кард, ки танҳо бо меҳнати ҳалол ба эҳтиром сазовор аст ва Худо аз инсон танҳо як чизро мехоҳад — зиндагии одилонаи ӯ ва талош барои некӣ. Аз ин рӯ, зардуштиён кишоварзӣ ва ҳар гуна фаъолиятеро, ки ба шукуфоии Замин мусоидат мекунад, беҳад эҳтиром мекарданд.
Мувофиқи дини зардуштӣ, Заминро Худои Ҳаким (Аҳура Маздо) офаридааст ва маҳз ӯ қонунҳои табиатро баровардааст, ки коинот мувофиқи он амал мекунад ва дигар ба кори ӯ халал намерасонад. Заратуштра ба шогирдон ва пайравонаш таълим медод, ки танҳо андешаҳои неку наҷиб дошта бошанд ва дар ҳама ҳолат бо атрофиён ростқавлона, лоиқона ва оқилона рафтор намоянд.
Зардуштиён дар Рӯзи инқилоби зимистонии Офтоб як зумра суннатҳоро риоя мекарданд. Ба ақидаи онҳо, Рӯзи инқилоби зимистонии Офтоб қувва ва неруи махсус дорад, аз ин рӯ онҳо дар ин рӯз ба эҳтиёткорӣ тавсия медоданд, зеро бовар доштанд, ки дар ин рӯз неруҳои сиёҳ ба тамоми мавҷудоти зинда зарар расонидан мехоҳанд. Бинобар ин, онҳо кӯшиш мекарданд, ки бо ёрии тӯморҳо — шохаҳои арча, ки бӯи он рӯҳҳои бадро метарсонад, худро аз онҳо муҳофизат намоянд. Гуфта мешуд, ки дар мавсими инқилоби зимистонии Офтоб сол мувофиқи тақвими хуршедӣ ба поён мерасад ва пас аз он Офтоб дубора тавлид мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти расмӣ, шумораи тахминии пайравони зардуштия дар ҷаҳон тақрибан 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли 2003 аз ҷониби ЮНЕСКО соли 3000-солаи фарҳанги зардуштӣ эълон щуда буд.
Дар Рӯзи инқилоби зимиситонии Офтоб чӣ кор кардан мумкин аст
Ба гуфтаи ситорашиносон, инқилоби зимиситонии Офтоб барои ҷамъбасти сол, халос шудан аз ҳама чизи нодаркор ва андешидани нақшаҳои оянда мусоид аст.
Гуфта мешавад, ки дар ин вақт метавон орзу кард: неруи Офтоб дар амалишавии он мусоидат мекунад.
Ин рӯзро дар мулоҳиза, осоиштагӣ сулҳ, покизагии ботин, муошират бо наздикон гузаронидан муфид аст.
21 декабр инчунин барои мулоқот ва пешвозгирии Офтоб тавсия дода мешавад.
Дар ин рӯз чӣ кор кардан мумкин нест
Ҷанҷол кардан, дашном додан ва хашмгин шудан аз атрофиён.
Ташкил кардани шабнишиниҳои пурғавғо бо машрубот.
Ҳирс: гуфта мешавад, ки саховатмандон дар соли нав дучанд подош мегиранд ва мумсик чизи сазовор ба худро мегирад.
Пешвоз гирифтани инқилоби зимистонии Офтоб дар хонаи ифлос – аз рӯи аломат, ин фоли нек аст.
Ин рӯз дар дигар кишварҳо чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад
Бино ба гузориши ТАСС, дар Рими Қадим дар ин вақт онҳо иди ҳосил — Сатурналияро (17-23 декабр) ҷашн мегирифтанд. Мардум ба ифтихори худои Сатурн, ки ҳомии кишоварзӣ буд, ҷашн меоростанд. Инҳо зиёфатҳои бузург буданд ва ғуломон дар ин рӯз ба хоҷаҳояшон баробар мешуданд. Вақте ки масеҳият дар асри IV паҳн шуд, 25 декабр, наздик ба Рӯзи инқилоби зимиситонии Офтоб, ба иди Мавлуди Исо табдил ёфт. Ин сана аз ҷониби Шӯрои Экуменикии Калисои Масеҳӣ дар шаҳри Эфесус соли 431 қонунӣ карда шуда буд.
Пас аз ҷорӣ кардани тақвими григорианӣ аз ҷониби Попи Рим Григорий XIII дар соли 1582, 25 декабр ба 7 январ иваз шуд. Мавлуди Исо ҳанӯз ҳам 25 декабр ҷашн гирифта мешуд, аммо ба тарзи нав. Имрӯз, дар моҳи декабр, онро католикҳо, протестантҳо ва дигар масеҳиён, ки тибқи тақвими григорианӣ зиндагӣ мекунанд, ҷашн мегиранд. Масеҳиёни православӣ, аз ҷумла калисои ортодоксии Россия, рӯзи Мавлуди Исоро 7 январ, яъне 25 декабр бо усули куҳна ҷашн мегиранд.
Дар Чин миёни 21 ва 23 декабр Дунгжи ё «Ҳадди зимистон» ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи анъанаи деринаи деҳқонон, сол ба 24 фасли кишоварзӣ — нунли тақсим мегардад, ки ҳар яке аз рӯи мавқеи офтоб ҳисоб карда мешаванд. Дар ин рӯз мавқуф гузоштани корҳои ҷорӣ ва ба оила ҷудо кардани вақт одат шудааст.
Дар Шветсия ва дигар кишварҳои скандинавӣ 13 декабр Рӯзи Люсияи муқаддас, шаҳиди Сиракуза, барои эътиқодаш ба Исо кӯр ва кушта шудааст. То соли 1753, тақвими ҷулианӣ дар Шветсия истифода мешуд, инқилоби зимистонии Офтоб маҳз ба 13 декабр рост меомад. Дар ин рӯз як духтари ҷавонро интихоб мекунанд, ки нақши муқаддасро иҷро менамояд. Тибқи яке аз фарзияҳо, номи Люсия аз калимаи лотинии «lux» гирифта шуда, маънояш «нур» аст ва рамзи гузариш ба оғози баҳорро ифода мекунад.
Славянҳои Шарқӣ дар ин вақт Колядаро ҷашн мегирифтанд. Ҷавонписарон ва ҷавондухтарон сурудҳои суннатӣ месароиданд ва ширинӣ мегирифтанд. Пас аз қабули масеҳият Коляда дар арафаи Мавлуди Исо шодиву сурур номида шуд.
____________________
*Дар луғатҳо, аз ҷумла Википедия «Шаби ялдо» (солнцестояние) чунин тарҷума шудааст