Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СААД ширкат меварзад
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ширкат хоҳад кард, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласа дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад. Ин нишаст қабл аз иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки фардо сурат мегирад, баргузор мешавад.
Тавре хабаргузории ТАСС бо истинод ба ВКХ Россия хабар медиҳад, сарони идораҳои дипломатии кишварҳои СААД ба нақша гирифтаанд, ки масъалаҳои мубрами амният ва баланд бардоштани самаранокии СААД, инчунин масъалаҳои амалии таҳкими муколамаи иштирокчиёни онро ҳам дар доираи созмон ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, инчунин бо СММ дар соҳаи сулҳоварӣ баррасӣ кунанд.
«Ба нақша гирифта шудааст, ки якчанд ҳуҷҷатҳо ва изҳороти сиёсӣ, ки барои тасдиқ намудан ба сарони кишварҳои узви СААД дар ҷараёни иҷлосияи қарибулвуқӯъи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 2 декабри пешниҳод мешаванд, тасдиқ карда шаванд», — изҳор доштанд дар ВКХ ФР.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






