Тақрибан 50 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, азм доранд дар Бозиҳои байналмилалии артиш-2021 ширкат варзанд
ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 50 кишвар эълон карданд, ки дастаҳои худро ба VII Бозиҳои байналмилалии артиш-2021 мефиристанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус дирӯз, 23 декабр Вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу дар ҷаласаи шӯрои ҷамъиятии вазорат иттилоъ дод.
Тавре имрӯз сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» гуфт, соли оянда ҳайати низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артиш-2021 аз рӯи намудҳои «Биатлони танкӣ», «Артиллеристҳо», «Снайперҳо», «Табибон» ва ғайраҳо ширкат меварзад.
«Қариб 50 давлат аллакай иштироки худро барои соли оянда эълон карданд. Воридшавии дархостҳо идома доранд ва умедворам, ки ҳеҷ чиз барои соли оянда баргузор кардани ин чорабинӣ монеъ нахоҳад шуд», — гуфт Шойгу.
Ӯ ёдовар шуд, ки имсол дар мусобиқаҳо, ки дар 5 давлат баргузор шуданд, беш аз 30 кишвар ширкат варзиданд.
Соли 2021 Бозиҳои байналмилалии артиш аз 22 август то 4 сентябр баргузор мешаванд. Дар маҷмӯъ, баргузории 34 мусобиқаи байналмилалӣ бо ҳадди максималии тавсеаи ҷуғрофияи баргузории онҳо ба нақша гирифта шудааст.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки VI Бозиҳои байналмилалии артиш «АрМИ-2020» аз 23 август то 5 сентябри соли 2020 баргузор шуданд. Зимни бозиҳо 30 мусобиқаи байналмилалӣ баргузор гардид. Озмунҳо дар панҷ кишвар: Россия, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус ва Ӯзбекистон баргузор шуданд. Дар сабқати биатлони танкӣ дар бахши дуввум дастаи Тоҷикистон дар байни 16 кишвар мақоми севвумро касб кард. Ҷойҳои якум ва дуюм насиби дастаҳои Ветнам ва Лаос гардиданд. Дар бахши аввал се ҷои ифтихориро дастаҳои Россия, Чин ва Беларус гирифтанд.
Дар сабқати десанти баҳрӣ Россия ҷои аввал ва Тоҷикистон ҷои дуввумро соҳиб шуданд. Низомиёни Тоҷикистон дар сабқати ҳайатҳои артиллерӣ низ натиҷаҳои хуб нишон дода, дар он ҷои 4-умро ишғол карданд. Се ҷои аввалро дастаҳои Россия, Беларус ва Ӯзбекистон соҳиб шуданд.
ДАР АКС: низомиёни Тоҷикистон, ки дар «биатлони танкӣ» ширкат карданд. Акс аз бойгонӣ: Sputnik









Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






