Таркиши мина дар Кобул, як тан фавтид ва дуи дигар маҷрӯҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Кобул дар баёнияе гуфтааст, ки ин ҳодиса тақрибан соатҳои 08:15 31.12.2020 дар минтақаи Чиҳилсутуни ноҳияи ҳафтуми Кобул рух додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Субҳи Кобул имрӯз низ бо таркиш оғоз ёфт, ки ба асари он як нафар ҳалок ва ду нафари дигарро маҷрӯҳ шуданд. Таркиши мина дар автомашинаи “Corolla” рух додааст.
Полиси Кобул мегӯяд, ки қурбониёни таркиш ғайринизомиён буданд.
Дар ҳамин ҳол, Фазл Фазлӣ, раҳбари идораи умури Дастгоҳи президенти Афғонистон изҳор намудааст, ки ҳадафи террористон автомашинаи ҳомили Муҳаммад Ҷовид Валӣ, муовини директори Департаменти корҳои мушовирон будааст.
Вай афзуд, ки Муҳаммад Ҷовид Валӣ «ҷиддӣ» захмӣ шудааст ва ронандааш Баҳромуддин ҷон бохтааст.
Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон”, масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






