«Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба ҳифз ва нигохдории пиряхҳои Тоҷикистон», — таҳти ин ном дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бо иқдоми Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Конфронсро Раиси ташкилоти ибтидоии «Яхшиносон» профессор Абдулҳамид Қаюмов оғоз намуда, оид ба дастовардҳои назарраси илмӣ, фаъолияти Маркази пиряхшиносӣ тайи се сол ибрози назар намуд.
Муовини Раиси Кумитаи «Хирадмандон»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ширин Қурбонова оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, корҳои ба сомон расонидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тайи 26 сол ва нақшаи дурнамои ҳизб ибрози андеша намуд.
Дар конференсия мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсонӣ Земфира Лаблабунова дар мавзӯи «Илмҳои табиатшиносӣ ва нақши он дар рушди ҷомеаи инсонӣ», мудири шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсия Ардамеҳр Ҳалимов дар мавзўи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо» ва мудири шуъбаи Мониторинги пиряхҳо, криосфера, глятсиогия ва ГИС-технология Хусрав Кабутов дар мавзӯи «Баланс масса ледника №139 Восточный Помир, бассейн озера Каракул» маърӯзаи илмӣ намуданд.
Дар ҷараёни конфронс 7 нафар кормандони Маркази омўзиши пиряхҳои АМИТ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.
Якчанд кормандони фаъоли Марказ бо ифтихорномаи Кумитаи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Хирадмандон» қадрдонӣ шуданд.











Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






