«ТАСМИМ БИГИР ВА ДАСТ БИКАШ!» Маъракаи нави СУТ соли 2021 барои тарки тамокукашӣ ба 100 миллион нафар одам кумак мекунад

Декабрь 9, 2020 11:15

ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби бемориҳои вобаста ба тамокукашӣ ҳар сол 8 миллион нафар ҷон мебозанд. Чунин аст омори расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ). Дар пасманзари пандемияи COVID-19, ки ба саломатӣ ва ҳаёти миллионҳо одамон таҳдид мекунад, СУТ тасмим гирифтааст, ки маъракаи умумиҷаҳонии мубориза бо тамокукаширо оғоз кунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.

«Агар тамокукашон барои тарки ин одати бад ба ангезаи иловагӣ ниёз дошта бошанд, пас пандемия — сабаби дигар барои тарки ин одат аст», — мегӯяд роҳбари СУТ Тедрос Гебрейесус.

СУТ хотиррасон мекунад, ки ба одамони истеъмолкунандаи маҳсулоти тамоку хавфи бемориҳои роҳи нафас, дилу рагҳо ва саратон дар пасманзари сирояти коронавирус бештар таҳдид мекунад ва метавонад ба шакли вазнин гузарад.

Маъракаи “Тасмим бигир ва даст бикаш!” (“Commit to quit”) давоми соли 2021 сурат хоҳад гирифт. Дар доираи он коршиносони СУТ ба мақомоти кишварҳо, аз як тараф, тавсияҳоро ҷиҳати шадид намудани чораҳои қонунгузорӣ оид ба мубориза бо тамокукашӣ ва аз тарафи дигар, ба аҳолӣ расонидани кумаки зарурӣ пешниҳод хоҳанд кард. Коршиносони СУТ инчунин дар байни истеъмолкунандагон дар бораи хатари тамоку маълумот паҳн мекунанд ва оид ба тарки ин одати бад ба онҳо маслиҳатҳо хоҳанд дод.

Барои кумак ба кормандони СУТ корманди маҷозии соҳаи тандурустӣ бо номи Флоренс сохта шудааст. Вай ҳар лаҳза, дар тӯли шабонарӯз, ба ёрии тамокукашоне, ки тасмим гирифтаанд аз сигор даст бикашанд, мерасад — дар таҳияи нақша кумак мекунад, дар бораи телефонҳои боварӣ ва замимаҳои мобилии мавҷуда ба онҳо маълумот хоҳад дод.

Маъракаи “Тасмим бигир ва даст бикаш!” инчунин дар платформаи WhatsApp сурат мегирад: дар он имкони ба чати (шабакаи муколамаи маҷозӣ) дахлдори СУТ пайвастан мавҷуд аст. Дар сайти Созмон рӯйхати калони  — «Зиёда аз 100 сабаби аз тамоку даст кашидан»-ро пайдо намудан мумкин аст.

Кӯшишҳои СУТ барои гузаронидани маърака, пеш аз ҳама, ба 22 кишвари дорои шумораи зиёди тамокукашон равона хоҳад шуд. Аз ҷумла, Россия, Украина, Германия, Полша, Туркия, ИМА, Чин ва Ҳиндустон.

Мутобиқи маълумоти СУТ, дар ҷаҳон 780 миллион нафар мехоҳанд аз тамоку даст бикашанд. Созмон умедвор аст, ки ба туфайли маъракаи “Тасмим бигир ва даст бикаш!” тақрибан 100 миллион нафар истеъмолкунандагони тамоку метавонанд ин одати бади худро тарк кунанд.

                                                                       Акси СУТ

Декабрь 9, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд