ТАСС: Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки рӯйхати ягонаи созмонҳои террористии мамнӯъ дар ИДМ таҳия карда шавад

Декабрь 19, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористие, ки дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ мамнӯъ мебошанд, таҳия карда шавад, иттилоъ медиҳад ТАСС.

«Дар доираи ИДМ таҳияи рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ мамнӯъро муҳим мешуморам», — иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон 18 декабр дар саммити Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки тавассути видеоконфронс баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба Маркази зиддитеррористии ИДМ супориш дода шавад якҷоя бо шӯроҳои тахассусӣ оид ба тартиб додани чунин рӯйхат корро шурӯъ кунанд.

«Миқёси терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят тамоюли рӯ ба афзоиш дорад», — зикр намуданд Президент. Президенти Тоҷикистон таъкид карданд, ки масъалаи амният ҳам дар саросари ҷаҳон ва ҳам дар Иттиҳод муҳим боқӣ мемонад.

Сарвари давлати Тоҷикистон кишварҳои ИДМ-ро, ки дар доираи даҳҳо созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкорӣ мекунанд ва ба масъалаҳои амният муносибати якхела доранд,  «иттифоқчиёни ҳақиқӣ дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои глобалӣ» номиданд. Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон воқеияти имрӯз ҳамоҳангии боз ҳам зичтари амалҳои мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои Иттиҳодро барои пешгирӣ ва саркӯб кардани таҳдидҳои амниятӣ тақозо мекунад. «Дар ин замина, қарорҳое, ки мо дар соҳаи ҳамкории ҳарбӣ ва таҳкими амнияти сарҳад дар марзҳои хориҷӣ қабул мекунем, саривақтӣ мебошанд», — изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

                АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Декабрь 19, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид