ТАСС: Путин нақши Тоҷикистонро дар пешгирии таҳдидҳо аз кишварҳои ҳамсоя зикр намуд

Декабрь 2, 2020 16:54

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Россия ҳамроҳ бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз вуруди террористон ва маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсояро идома хоҳад дод. Дар ин бора Президенти Россия Владимир Путин зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.

«Мехоҳам нақши махсуси Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, зикр намоям, албатта, ман воридшавии маводи мухаддир ва террористонро дар назар дорам. Дар ин самт Тоҷикистон корҳои азими мусбат анҷом дода истодааст, ин корро дар якҷоягӣ бо шумо идома медиҳем, аз ҷумла, бо истифода аз имконияти худ бо сохтори низомии Россия, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст”, — изҳор дошт Путин.

Президенти ФР Владимир Путин афзуд, ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатро анҷом медиҳад.

Владимир Путин иброз дошт, ки Россия минбаъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, бо истифода аз имконоти сохтори низомии Россия кумак хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз таҳти раёсати Президенти Россия Владимир Путин дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, мушкилоти мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қирғизистон Талант Мамитов ширкат варзиданд.

АКС аз хадамоти матбуоти Кремл

Декабрь 2, 2020 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ — МУҲОФИЗИ СУЛҲ, СУБОТ ВА ЗИНДАГИИ ОСУДАИ МАРДУМ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд