ТАСС: Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки бо Россия муносибати хуб доранд, ҷойи аввалро касб намуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 / АМИТ «Ховар» /. Россотрудничество натиҷаи пурсиши «Дар кадом кишварҳо Россияро бештар дӯст медоранд?»-ро ҷамъбаст кард, ки мувофиқи натиҷаи он Тоҷикистон ҷои аввалро касб намуд. Дар ин бора дирӯз, 24 декабр ТАСС хабар дод.
«Мо ба ҳама иштирокчиёни озмун ташаккур мегӯем. Ҷои аввалро дар озмуни кишваре, ки дар он аз ҳама бештар Россияро дӯст медоранд, Тоҷикистон, сипас Сербия ва ҷойи сеюмро Арманистон ишғол намуданд”,-иттилоъ доданд аз Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Ереван ба ТАСС.
Ба рӯйхати кишварҳое, ки бо Россия муносиботи хубт доранд, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Сурия, Украина, Булғористон ва Чин шомиланд.
АКС аз бойгонӣ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид






