Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкориро дар самти таъмини амнияту субот баррасӣ намуданд

Декабрь 11, 2020 13:22

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Риёз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои дохилии Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Носир А. Ад-Довуд вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқоти  мазкур  масъалаҳои авлавиятноки ҳамкории ду кишвар дар самти таъмини амнияту субот ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва чолишҳои замони муосир, аз қабили  терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи ҳамкории мутақобилан судманд дар партави роҳнамоиҳои пешвоёни ду кишвар ва дар доираи  созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

                                                        АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 11, 2020 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд