ТОҶИКИСТОНРО БА РӮЙХАТИ ДАВЛАТҲОИ «МИНТАҚАИ САБЗ» ДОХИЛ НАМУДАНД. Аморати Абу-Даби аз 24 декабр маҳдудиятро бекор карда, ба сайёҳони мо сабукӣ медиҳад
ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Абу-Даби қоидаҳои вуруди сайёҳони хориҷиро ба аморат таҷдиди назар кард ва аз 24 декабр беэътибор намудани баъзе маҳдудияти вобаста ба пандемияро эълон кард. Дар ин бора, тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Al Arabiya хабар медиҳад, 22 декабр маркази матбуоти Аморот эълом намудааст.
Пеш аз ҳама, сайёҳон аз кишварҳои «рӯйхати сабз» аз зарурати худмаҳдудкунӣ дар тӯли ду ҳафта озод мешаванд. Сухан дар бораи меҳмононе меравад, ки аз кишварҳои Австралия, Бруней, Ветнам, Юнон, Гренландия, Гонконг, Чин, Мавритания, Малайзия, Зеландияи Нав, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Тоҷикистон, Тайван, Таиланд, Ӯзбекистон меоянд. Дар ин рӯйхат кишварҳои дигари ИДМ шомил нашудаанд. Барои касоне, ки аз кишварҳои хориҷии дар ин рӯйхатбуда меоянд, муҳлати худмаҳдудкунӣ то 10 рӯз коҳиш ёфтааст.
Ҳамаи сайёҳон, новобаста аз он ки аз кадом кишвар меоянд, вазифадоранд натиҷаи манфии озмоиши тестиро, ки на бештар аз 96 соат пештар аз вуруд ба кишвар гирифта шудааст, пешниҳод кунанд ва пас аз вуруд як бори дигар аз санҷиши тестӣ гузаранд. Ғайр аз ин, пас аз чанд рӯз онҳо бояд боз як бори дигар аз санҷиш гузаранд.
Муҳлатҳои супоридани тести такрорӣ таҷдиди назар шуданд: агар қаблан таҳлилҳо бояд дар рӯзҳои чорум ва ҳаштум дубора гирифта мешуданд, ҳоло онҳо бояд дар рӯзҳои шашум ва дувоздаҳум пешниҳод шаванд, агар шахс дар кишвар бештар бимонад. «Таснифи кишварҳо сари ҳар ду ҳафта таҷдиди назар хоҳад шуд», — таъкид намудаанд мақомоти аморат.
АКС аз бойгонӣ








Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад






